Фестивали «Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ» дар вилояти Хатлон
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назди муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар оид ба баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ» бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд, Фестивали мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда, дар арафаи ҷашни мазкур таҷлил мегардад.
Бино ба маълумоти манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани Фестивал лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






