Фестивали «Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ» дар вилояти Хатлон

Июнь 23, 2016 10:31

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назди муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар оид ба баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ» бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб доир гардид.
Тавре ки аз  хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд, Фестивали мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шуда, дар арафаи ҷашни мазкур таҷлил мегардад.
Бино ба маълумоти манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани Фестивал лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ карда шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Июнь 23, 2016 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд