Фёдор Емеляненко бо Фабио Малдонадо майдондорӣ мекунад
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз яке аз варзишгарони маъруфу шинохтаи риштаи муҳорибаҳои омехта- Фёдор Емеляненко баъд аз дубора баргаштанаш ба ринг, аввалин вохӯрии худро дар Русия баргузор мекунад ва ҷараёни рақобати ӯро дар беш аз 26 давлати дунё мустақиман намоиш медиҳанд. Ҳарифи Фёдор варзишгари бразилиягӣ Фабио Малдонадо буда, рақобат дар шаҳри Санкт-Петербург доир хоҳад шуд. Фабио Малдонадо қаблан бо ширкати бонуфузтарини ҷаҳон UFC шартнома дошт ва охирин рақобати ӯ 7-уми ноябри соли 2015 бо намояндаи Амрико Кори Андерсон сурат гирифт, ки Фабиоро мағлуб карда буд.
Баъд аз якчанд мағлубият аз ҳарифонаш ширкати UFC ҳамкориашро бо ин варзишгари бразилиягӣ қатъ намуд. Малдонадо муштзани касбӣ низ буд. Ӯ дар бокси ҳирфавӣ 22 вохӯрӣ анҷом дода, боре ҳам ба шикаст дучор нагардидааст.
Фёдор Емеляненко тобистони гузашта аз дубора ба варзиши касбӣ баргаштанаш расман иттилоъ дода буд ва рӯзи 31 декабри соли 2015 дар Ҷопон варзишгари ҳинду Ҷейдип Сингхро пеш аз вақт шикаст дод. Фёдор Емеляненко қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон дар риштаи муҳорибаҳои омехта буда, дар маҷмӯъ 39 вохӯрӣ анҷом дода, аз он дар 35- тоаш дастболо гардидааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






