Гулистон: Бархурдории 600 сокини шаҳр аз хони рамазонӣ

Июнь 24, 2016 08:14

Гулистон, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ ва моҳи хайру сахо- моҳи шарифи Рамазон 600 нафар сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» — Гулистон аз кумаки идонаи мақомоти шаҳрӣ бархурдор гаштанд. Тавре ки масъули хадамоти матбуотии дастгоҳи макомоти шаҳри Гулистон Рустами Одизода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи дастуру супориши Сарвари давлат ва раиси вилояти Суғд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 19-солагии Ваҳдати миллӣ ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва камбизоатон аёдат карда шуда, ба онҳо кумаки моддӣ, иборат аз маводи хӯрокӣ  дастрас гардида истодааст.
Инчунин дар рӯзҳои таҷлили ҷашн раиси шаҳр низ чанд нафар оилаҳои собиқадорони меҳнат ва ҳамчунин ниёзмандро аёдат карда, ба онҳо хони идона тақдим мекунад.
Ҳамзамон расонидани кумаки идона аз ҷониби ташкилотҳову соҳибкорон низ дар назар аст.

Июнь 24, 2016 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик