Густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ

Июнь 9, 2016 15:46

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳувияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид. Пас аз суқути сулолаи Сомониён, ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, вале забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар. коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ суннати соф тоҷикона доштанд. Дар рӯзгори давлати Темуру Темуриён ва Темуриёни Ҳинд доманаи корбурд ва густариши ин забон боз ҳам фарохтар гардид. Табиист, ки забони расмии муносибати дипломатӣ байни империяи Темур ва кишварҳои Аврупо ғолибан забони форсӣ-тоҷикӣ буд ва як номаи асли боқимондаи Темур ба шоҳи Фаронса Карли VI  де Валуа, ки дар таърихи 15 июни соли 1403 иншо шудааст, ин воқеиятро таъйид менамояд»-, чунин зикр гардид дар ҳамоиши байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе.
Олимону забоншиносони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон ва Покистон дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони конфронс тавсияномаи он қабул гардида, бо назардошти дурнамои тахқиқи муқоисавии ин забон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши ин забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси марказҳои омӯзиш забони тоҷикӣ-форӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форизабонон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон ва дигар ҳамкорӣ дар ин самт баргузории силсилаи анҷуману машваратҳо ба нақша гирифта шуд.

Июнь 9, 2016 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад