Густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаккул ва паҳншавии босуръати забони тоҷикӣ дар асрҳои IX-X на фақат ба инкишофи минбаъдаи халқи тоҷик мусоидат намуд, балки эътибори ин забон гувоҳномаи ҳувияти миллии тоҷикон гардид. Дар минтақаҳои пайдоиш ва густариши ин забон номи тоҷик низ мақоми таърихӣ пайдо кард ва устувор гардид. Пас аз суқути сулолаи Сомониён, ҳарчанд халқи тоҷик аз давлатдории худ маҳрум гардид, вале забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми поянда дошт. Тамоми корҳои ташкилу танзими давлатдорӣ, низоми мамлакатдорӣ, идораи девону дафтар. коргузорӣ маҳз бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Пеш бурдани сафорату тиҷорат, танзими дахлу харҷ, таҳкими пояҳои иқтисоди кишвар, сарварии ҳавзаҳои илмию адабӣ суннати соф тоҷикона доштанд. Дар рӯзгори давлати Темуру Темуриён ва Темуриёни Ҳинд доманаи корбурд ва густариши ин забон боз ҳам фарохтар гардид. Табиист, ки забони расмии муносибати дипломатӣ байни империяи Темур ва кишварҳои Аврупо ғолибан забони форсӣ-тоҷикӣ буд ва як номаи асли боқимондаи Темур ба шоҳи Фаронса Карли VI де Валуа, ки дар таърихи 15 июни соли 1403 иншо шудааст, ин воқеиятро таъйид менамояд»-, чунин зикр гардид дар ҳамоиши байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе.
Олимону забоншиносони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон ва Покистон дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони конфронс тавсияномаи он қабул гардида, бо назардошти дурнамои тахқиқи муқоисавии ин забон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ-форсӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши ин забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси марказҳои омӯзиш забони тоҷикӣ-форӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои форизабонон, омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон ва дигар ҳамкорӣ дар ин самт баргузории силсилаи анҷуману машваратҳо ба нақша гирифта шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






