Хатлон: Тадбирҳо дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ
Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии бе шуғл аз самтҳои асосии сиёсати давлат дар беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва ноил гардидан ба пешрафту тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию тахлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар вилояти Хатлон дар давоми се моҳи аввали соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 16 ҳазору 702 ҷойи кории нав ва барқароршудаи корӣ ба истифода дода шуданд, ки 34 дарсади нақшаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои бахши давлатӣ 1350 ҷой, бахши коллективӣ 716 ҷой, дар корхонаю ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун 6009 ҷой ва дар бахши хусусӣ 8627 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Аз шумораи умумии ҷойҳои таъсисгардида 3 ҳазору 321 ададашон ҷойҳои кории доимӣ, 6 ҳазору 988 ададашон ҷойҳои кории мавсимӣ ва 6 ҳазору 393 ададашон ҷойҳои кории муваққатӣ мебошанд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентӣ то ин давра 195 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст,- зикр кард манбаъ.








Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид






