«Хирадмандон»-и ҲХДТ хотироти худро доир ба таҳкими Ваҳдати миллӣ баён мекунанд

Июнь 21, 2016 11:44

«Ваҳдати  миллӣ сутуне мебошад, ки  давлат ва миллати  моро пойдору устувор  нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси  ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда  ин пояи давлатдории миллиамонро  боз ҳам таҳким бахшем».

                    Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 21.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Шӯрои собиқадорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ  бо Кумитаи иҷроияи  ибтидоии «Хирадмандон»-и ҲХДТ  фардо дар Душанбе конфронси илмию амалиро дар мавзӯи  «Асосгузори сулҳу  Ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- кафили пойдории  сулҳу Ваҳдати  миллӣ» гузаронад.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъулини  Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ, собиқадорони ҲХДТ, аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ, олимону сиёсашиносон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои  «Ваҳдат андешаи бузург ва иродаи миллист», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу Ваҳдати  миллӣ дар Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими  Ваҳдати миллӣ ибрози назар намоянд.
Бояд тазаккур дод,  ки  27 июн мардуми шарафманди тоҷик 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро  дар сатҳи баланд ва бо умеди нек ба фардои дурахшони сарзамини Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон- шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешаванд.

Июнь 21, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик