«Хирадмандон»-и ҲХДТ хотироти худро доир ба таҳкими Ваҳдати миллӣ баён мекунанд
«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 21.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-и ҲХДТ фардо дар Душанбе конфронси илмию амалиро дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- кафили пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ» гузаронад.
Интизор меравад, ки дар конфронс масъулини Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, собиқадорони ҲХДТ, аъзои собиқ Комиссияи оштии миллӣ, олимону сиёсашиносон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Ваҳдат андешаи бузург ва иродаи миллист», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ибрози назар намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 27 июн мардуми шарафманди тоҷик 19-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар сатҳи баланд ва бо умеди нек ба фардои дурахшони сарзамини Тоҷикистон таҷлил менамоянд. Тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






