Хушхабар ба дӯстдорони китоб: фурӯши 100 номгӯй китоб бо нархи 50 фоиз арзон
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Ташкилоти бонуфузи «Истиқбол», ки то ба имрӯз 250 номгӯй китобҳои хушсифату рангини бадеиро барои кӯдакон нашр намудааст, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Рамазон зиёда аз 100 номгӯй китоби зебо ва хонданиро бо теъдоди 50 000 бо нархи 50 фоиз арзон ба хонандагони хушзавқи худ пешниҳод менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки Ташкилоти «Истиқбол» то ба имрӯз китобҳои пурмазмуну мусаввирро бо 8 забони дунё, ба теъдоди 1 миллиону 700 000 нусха ба нашр расонидааст.
Инак, хонандагони муҳтарам метавонанд китобҳои бадеии нависандагони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла «Гаҳвораҷунбон»-и Латофат, «Дарёи умр»-и Х. Файзуллоев, «Ишқи аввал»-и С. Турсун, «Маҳвора дар гаҳвора»-и Н. Қосим, «Гиряи хирс»-и А. Самад ва зиёда аз 100 номгӯй китобҳои бадеиро бо нархҳои арзон харидорӣ намоянд.
Ба диққати дӯстдорони китоб мерасонем, ки фурӯши китобҳо 20 июни соли 2016 оғоз гардида, дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, №16, бинои «Шарқи Озод» ҷойгир аст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






