Хушхабар ба дӯстдорони китоб: фурӯши 100 номгӯй китоб бо нархи 50 фоиз арзон

Июнь 23, 2016 10:36

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Ташкилоти бонуфузи «Истиқбол», ки то ба имрӯз 250 номгӯй китобҳои хушсифату рангини бадеиро барои кӯдакон нашр намудааст, ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Рамазон зиёда аз 100 номгӯй китоби зебо ва хонданиро бо теъдоди 50 000 бо нархи 50 фоиз арзон ба хонандагони хушзавқи худ пешниҳод менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки Ташкилоти «Истиқбол» то ба имрӯз  китобҳои пурмазмуну мусаввирро бо 8 забони дунё, ба теъдоди 1 миллиону 700 000 нусха ба нашр расонидааст.
Инак, хонандагони муҳтарам метавонанд китобҳои бадеии нависандагони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла «Гаҳвораҷунбон»-и Латофат, «Дарёи умр»-и Х. Файзуллоев, «Ишқи аввал»-и С. Турсун, «Маҳвора дар гаҳвора»-и Н. Қосим, «Гиряи хирс»-и А. Самад ва зиёда аз 100 номгӯй китобҳои бадеиро бо нархҳои арзон харидорӣ намоянд.
Ба диққати дӯстдорони китоб мерасонем, ки фурӯши китобҳо  20 июни соли 2016 оғоз гардида, дар суроғаи  шаҳри Душанбе,  хиёбони Саъдии Шерозӣ, №16, бинои «Шарқи Озод» ҷойгир аст.

Июнь 23, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд