Иҷрои Буҷети давлатӣ дар самти татбиқи барномаи давлати рушди таҳсилоти касбӣ

Июнь 14, 2016 17:14

Душанбе, 14.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» зимни  баргузории  муҳокимаи парлумонӣ, ки дар ҳузури муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Мавлонова доир гардид,  баррасӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин барнома дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми  Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2007 таҳия гардидааст.
Зикр гардид, ки ҷараёни иҷрои Буҷети давлатӣ вобаста ба татбиқи Барнома дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи  касбӣ дар якчанд муассисаҳои таълимии пойтахт, ба мисли Коллеҷҳои информатика ва техникаи компютерӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва литсейҳои касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе мавриди  омӯзиш қарор дода шуд.
Таҳлил нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли Нақшаи таълимӣ аз рӯи тамоми фанҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст ва нақшаҳои таълимии омӯзгорон роҳандозӣ гардидаанд. Дар доираи Барнома коллеҷҳо ба низоми кредитии таҳсил гузашта истодаанд, литсейҳо  тибқи низоми анъанавии таҳсил фаъолият доранд.
Дар соли қабулгардии барнома (соли 2007) низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ 119 адад муассисаҳои таълимиро фаро гирифта,  теъдоди умумии хонандагон ва донишҷӯён дар онҳо беш аз 55 ҳазор нафарро ташкил мекард.
Доир ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» роҳбарону масъулини  вазорату идоораҳои мамлакат гузориш доданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ аз масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои марбутаи он дархост гардид, ки дар доираи супоришу дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  иҷрои Буҷети давлатӣ вобаста ба  татбиқи ин Барномаи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Июнь 14, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов