Иҷрои Буҷети давлатӣ дар самти татбиқи барномаи давлати рушди таҳсилоти касбӣ
Душанбе, 14.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ, ки дар ҳузури муовини раиси Маҷлиси намояндагон Хайриниссо Мавлонова доир гардид, баррасӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин барнома дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришу дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2007 таҳия гардидааст.
Зикр гардид, ки ҷараёни иҷрои Буҷети давлатӣ вобаста ба татбиқи Барнома дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар якчанд муассисаҳои таълимии пойтахт, ба мисли Коллеҷҳои информатика ва техникаи компютерӣ, муҳандисию омӯзгорӣ ва литсейҳои касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Таҳлил нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли Нақшаи таълимӣ аз рӯи тамоми фанҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст ва нақшаҳои таълимии омӯзгорон роҳандозӣ гардидаанд. Дар доираи Барнома коллеҷҳо ба низоми кредитии таҳсил гузашта истодаанд, литсейҳо тибқи низоми анъанавии таҳсил фаъолият доранд.
Дар соли қабулгардии барнома (соли 2007) низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ 119 адад муассисаҳои таълимиро фаро гирифта, теъдоди умумии хонандагон ва донишҷӯён дар онҳо беш аз 55 ҳазор нафарро ташкил мекард.
Доир ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» роҳбарону масъулини вазорату идоораҳои мамлакат гузориш доданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ аз масъулони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои марбутаи он дархост гардид, ки дар доираи супоришу дастурҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои Буҷети давлатӣ вобаста ба татбиқи ин Барномаи давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.








КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






