Ифтихори тоҷикони Русия аз истиқлолияту ваҳдати Ватани маҳбуб

Июнь 17, 2016 16:05

Душанбе, 17.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мағфират Насруллоева, муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Хакасияи ФР, ки дар баробари соҳибкори муваффақ будан маҳорати хуби сарояндагӣ низ дорад, тасмим гирифтааст, ки  бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон албоми нави сурудҳояшро, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббату садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллии тоҷикон мебошад, пешкаши ҳаводорони оҳангу таронаҳои ноби тоҷикӣ гардонад.
Мағфират  ният дорад, ки дар рӯзҳои ҷашни ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳрҳои Абакан, Красноярск ва Новосибирск бо таронаҳояш, ки ба Ватану Модар, ишқу муҳаббат ва худшиносӣ бахшида шудаанд, ҳунарнамоӣ карда, хотири ҳаводорони шеъру сурудро дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ шод намояд.

Садбарг Боқиева, Абакан, ФР.

Июнь 17, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд