Ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон

Июнь 23, 2016 15:40

Хоруғ, 23.06. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати ба номи Муъминшо Абдулвосиеви  ноҳияи Рӯшони ВМКБ бинои нави дуошёнаи мутааллиқ ба Бонки давлатии «Амонатбонк»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз хизматрасонии ин бонк сокинони панҷ деҳоти ин ҷамоат баҳра мебаранд, ки 263 нафарашон бознишаста мебошанд. Ғулом Назиров, яке аз ин бознишастагон гуфт, ки қаблан мо барои гирифтани пули нафақа 30 километр роҳро тай намуда, ба маркази ноҳия мерафтем. Ҳоло бонкро ба пеши дари хонаи мо оварданд, ки аз ин иқдоми хубу муфид мо, пиронсолон хеле миннатдорем ва ба ҳукумати кишвар сипоси худро мерасонем.
Раиси ин ҷамоат Соҳибҷамол Сақиева мегӯяд, ки акнун сокинони деҳот бидуни монеа музди меҳнат, нафақа, маблағҳо аз хориҷи кишвар ва  қарзҳои хурду миёнаро мегиранд. Ин, албатта, ба сатҳу сифати зиндагиашон таъсири мусбат мегузорад. Алъон  39 маркази хизматрасонӣ  ва 9 филиали  Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба бошандагони вилоят хизматҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд.

Июнь 23, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд