Ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.2 июни соли равон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳ Абдулмаҷид Муминзод муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Патрисия Виверз-Картер намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Питер Фернандес Карди — роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, намояндагони Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни муаррифии низоми мазкур Абдулмаҷид Муминзод иттилоъ дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ислоҳоти куллӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2009 «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи амалишавии он шумораи иҷозатҳо аз 650 ба 86 адад расонида шуд. Ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ натиҷаҳои бадастомада беназир буда, нишондиҳандаи баланди муваффақи раванди ислоҳот арзёбӣ гардидаанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 ҷиҳати то 50 фоиз ихтисор намудани теъдоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ба тариқи электронӣ додани то 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро бо дастгирии молиявии намояндагии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба тариқи пилотӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд.
Бо мақсади ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти табодули маълумоти хаттӣ ва электронӣ, Созишнома дар бораи табодули хаттӣ ва электронии маълумот байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2015 ба имзо расонида шуд.
Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар низоми мустақим (онлайн) дастрас буда, дар сомонаи интернетии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ www.ijozat.tj дар саҳифаи «Низоми барасмиятдарории электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» ҷой дода шудааст.








Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад






