Иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозӣ: Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмониро минбаъд Ҳукумат муайян мекунад

Июнь 23, 2016 10:28

Душанбе 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Вобаста ба ин  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди  ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул намуданд.
Ҷамшед Аҳмадзода -раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Парлумони кишвар гуфт, ки ҳадафи асосии ворид намудани иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии  кишвар такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сохтмон,  ба танзим даровардани қоидаҳои муайян намудани меъёр ва нархномаҳои корҳои сохтмонӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, инчунин ташаккули механизҳои ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад. Ҷамшед Аҳмадзода таъкид кард,  ки дар ин самт таҷрибаи қонунгузории кишварҳои Беларус ва Қазоқистон мавриди истифода қарор дода шудааст,  зеро дар ин давлатҳо  муқаррар намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ба салоҳияти ҳукумати  ин кишварҳо вогузор гардидааст.
Зикр шуд, ки бо қабули ин қонун муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ва танзими низоми  нархгузорӣ дар соҳа аз ҷониби ҳукумат заминаи асоснок гузошта мешавад.  Инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ дар ин ҷода мушаххас гардида, ба танзими муносибатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ  бо субъектҳои  фаъолият дар соҳа асосҳои ҳуқуқӣ гузошта хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 боб ва 89 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шарҳсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд.

Июнь 23, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад