Иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозӣ: Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмониро минбаъд Ҳукумат муайян мекунад
Душанбе 23.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Вобаста ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар мавриди ворид намудани иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул намуданд.
Ҷамшед Аҳмадзода -раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Парлумони кишвар гуфт, ки ҳадафи асосии ворид намудани иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии кишвар такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи сохтмон, ба танзим даровардани қоидаҳои муайян намудани меъёр ва нархномаҳои корҳои сохтмонӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, инчунин ташаккули механизҳои ҳамкории байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад. Ҷамшед Аҳмадзода таъкид кард, ки дар ин самт таҷрибаи қонунгузории кишварҳои Беларус ва Қазоқистон мавриди истифода қарор дода шудааст, зеро дар ин давлатҳо муқаррар намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ба салоҳияти ҳукумати ин кишварҳо вогузор гардидааст.
Зикр шуд, ки бо қабули ин қонун муайян намудани қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ ва танзими низоми нархгузорӣ дар соҳа аз ҷониби ҳукумат заминаи асоснок гузошта мешавад. Инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ дар ин ҷода мушаххас гардида, ба танзими муносибатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ бо субъектҳои фаъолият дар соҳа асосҳои ҳуқуқӣ гузошта хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 боб ва 89 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шарҳсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






