Имрӯз дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш вохӯрии ҷавобиро доир мекунанд
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Соати баргузории вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019, ки имрӯз дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Тоҷикистон барпо мегардад, бинобар сабаби ташрифи моҳи шарифи рамазон тағйир ёфт. Бо дархости Федератсияи футболи Бангладеш оғози бозӣ ба соати 15:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов гуфтааст: «Мо он ғалабаеро, ки дар Душанбе ҳосил шуд, фаромӯш кардем ва имрӯз кӯшиш мекунем, ки аз нав ба пирӯзӣ комёб шавем. Дар ҳайати дастаи мо дар бозии ҷавобӣ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро шумо хоҳед дид».
Манзур аз ин гуфтаҳои сармураббӣ он аст, ки ҳамроҳ бо дастаи мунтахаб муҳофизатгар Даврон Эргашев ба Бангладеш ҳозир нашуд ва ин тағйироти авалин дар даста хоҳад буд. Баъдан Ҳаким Фузайлов метавонад дигар бозингаронеро, ки дар вохӯрии аввали тим ширкат надоштанд, дар ин бозии расмӣ аз санҷиш гузаронад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе Тоҷикистон бо натиҷаи 5:0 Бангладешро шикаст дода буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






