Имсол беш аз 97 ҳазор хонанда ба лагерҳои тобистона ҷалб хоҳанд гашт
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарсҳо ба итмом расида, хонандагон ба имтиҳонҳои давлативу аз синф ба синфгузарӣ тайёрӣ мебинанд. Пас аз супоридани имтиҳонҳо кӯдакону наврасон ба таътили тобистона мебароянд. Чун анъана ҳар сол дар нимаи аввали моҳи июн лагерҳои тобистонаи истироҳатию солимгардонии кўдакону наврасон фаъол мешаванд. Барои ҷалби хонандагон ба лагерҳои мактабию беруназшаҳрӣ кумитаи иттифоқи касабаи маориф чораҳои зарурӣ андешидаанд.
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҶТ Одиназода Рамазон Сафар, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 35 лагери беруназшаҳрӣ фаъол буда, дар онҳо 10 ҳазору 789 хонандагони аз синни 7 то 14 сола ҷалб карда мешаванд.
«Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ лагерҳои наздимактабӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо 88 ҳазору 49 нафар кӯдак барои истироҳат ҷалб мешаванд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 8 адад лагери беруназшаҳрӣ ва 78 адад лагери наздимактабӣ, дар Вилояти Суғд 12 адад лагери беруназшаҳрӣ бо ҷалби 2 ҳазору 869 нафар ва 639 адад лагери наздимактабӣ бо фарогирии 43 ҳазору 385 хонанда, дар вилояти Хатлон 5 адад лагери беруназшаҳрӣ бо фарогирии 440 нафар ва 608 адад лагери наздимактабӣ бо фарогирии 17 ҳазору 325 нафар фаъолият хоҳанд кард. Дар шаҳри Душанбе 4 лагери беруназшаҳрӣ бо фарогирии 1 ҳазору 660 нафар ва 35 адад лагери наздимактабӣ бо ҷалби 4 ҳазору 400 хонанда кор хоҳанд кард»,-илова намуд Одиназода Рамазон Сафар.
Ба гуфтаи мусоҳиб, умуман ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 97 ҳазору 438 хонанда ҷалб карда мешаванд.
Салима Саидова, сокини пойтахт мегӯяд, ки ӯ фарзандонашро ба лагерҳои наздимактабию беруназшаҳрӣ фиристоданӣ нест, зеро ба хӯрок ва вазъи тозагию беҳдоштии лагерҳо боварӣ надорад.
«Ман боре ҳам фарзандонамро ба лагер нафиристодаам, вале бисёр шиносҳоям шикоят мекунанд, ки пас аз лагер баргаштан фарзандонашонро пашшаву дигар ҳашаротҳо газидаанду тозагии баданашон ҳам он қадар хуб нест»,- мегӯяд С.Саидова.
Маҳмадалӣ Афғонов, директори МД «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин маврид иброз намуд, ки аз ҷониби Раёсат ва шуъбаҳои маориф барои истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мураббиён, ҳамшираҳои ихтисосманд ва омўзгорони тарбияи ҷисмонию суруд ҷалб карда шудаанд.
«Аз ҷумла, бо пешниҳоди марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳо омода намудани гармкунакҳои хўрокпазӣ, харидории лавозимоти хўрокхўрӣ, харидории матоъҳои рўйҷойҳои хоб, таъмиру ҷо ба ҷо кардани катҳои хоб, рангу бор намудани хуҷраҳои истироҳаткунандагон, омода намудани ҳавзҳои оббозӣ, тоза намудани ҷўйҳо аз лойқаву партовҳо ва ғайра ба анҷом расонида шуданд»,-афзуд М.Афғонов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, дар соли 2016 барои таъмиру хўрокӣ ва дигар маводи зарурӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур 445 500 сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 356 932 сомонӣ, ноҳияи Сомонӣ 1 502 374 ва дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино 551 312 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
«Дар соли равон аз 15 июн дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ду баст 4400 нафар хонанда ба майдончаҳои тандурустии солимгардонии назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд. Имсол дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ аз 15 июн сар карда, дар ду баст 1660 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кўдакони ятиму бепарастори мактаб-интернатҳои пойтахт барои истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ гурўҳҳои истироҳатӣ-омўзишии фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд»,-таъкид дошт М.Афғонов.
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ки бо Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда шудаанд, дар соли равон дар ҷумҳурӣ ташкили 3873 лагер, аз ҷумла 2839 лагери беҳдошти наздимактабӣ, 80 адад лагери беруназшаҳрӣ, 415 истироҳатию меҳнатӣ, 4 санаторӣ, 334 варзишию солимгардонӣ ва 201 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тибқи маълумоти пешбинишуда, дар онҳо 318 373 нафар кўдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, иттифоҳқои касаба, ташкилотҳои сарпараст, вазорату корхонаҳо, муассисаю созмонҳои байналмилалӣ ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
Шаҳло Рӯзиматова, модари чор фарзанд ҳамасола кӯдакони мактабхонашро ба лагерҳои беруназшаҳрӣ мефиристад.
«Ман ҳар сол ду фарзанди мактабхонамро ба лагер мефиристам. Аз сабабе, ки боз ду кӯдаки хурдсол дорам, дар фасли тобистон имкони берун аз шаҳр ва ё ба ҷойҳои истироҳатӣ бурдани онҳоро надорам. Ба фарзандони ман истироҳат дар лагер маъқул аст. Ман ягон шикояти онҳоро нафаҳмидаам. Ҳоло писари 12- солаамро ба лагери «Шарора» номнавис кардам. Вай пас аз супоридани имтиҳонҳояш ба истироҳат меравад. Ба духтари 14- солаам дар моҳи июл роҳхат мегирам,- илова намуд Ш. Рӯзиматова.
Интихоб ва ҷобаҷогузории масъулин дар истироҳатгоҳҳо то 20 май ба анҷом расонида шуданд. Дар асоси қарори ситоди вилоятӣ ҳамаи кормандони лагерҳо дар маркази такмили ихтисоси омўзгорони идораи маорифи вилоят омўзонида шуда, баъд аз гузаштани курси махсус ба онҳо шаҳодатнома дода шуд.
Ҳолати омодагии лагерҳо аз ҷониби ситоди вилоятӣ пайваста мавриди санҷиш қарор мегирад.
Л.Қосимова