Интиқоли 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба ВМКБ

Июнь 22, 2016 15:21

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 адад мошини сайёри иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамарӯза ба сокинони маҳаллаҳои истиқоматии чор ноҳияи Душанбе маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзон дастрас мекунанд. Тавре ки корманди масъули раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот» Иброҳим Гулов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар баробари 11 адад мошини сайёр, ҳамчунин дар бозори «Шоҳмансур» ду дӯкони фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ фаъолият доранд, ки барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар фасли тобистон, хусусан дар моҳи шарифи  Рамазон мусоидат мекунанд. Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25-уми июни соли равон дар майдончаи назди бозори Қарияи боло аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳуриявӣ фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, рӯзҳои 28, 29 ва 30 моҳи равон дар назди бозори навтаъсиси «Пойтахт-90» мошинҳои сайёри «Тоҷикматлубот» барои сокинони пойтахт маҳсулоти талаботи аввалро бо нархи арзон пешниҳод мекунанд.
И.Гулов иттилоъ дод, ки раёсати «Тоҷикматлубот» дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки имсол дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, 52 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро ба ВМКБ интиқол дода, ҳоло дар шаҳри Хоруғ фурӯши 38 тонна ва дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз фурӯши 12 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷоти барвақтӣ бо нархи арзон идома дорад. Қабл аз ин, аз тарафи раёсати «Тоҷикматлубот» дар ҳаҷми 52 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба ВМКБ дастрас шуда буд.
Хотиррасон бояд шуд, ки Пешвои миллат зимни Паёми имсола ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда буд: «Мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро риоя ва эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳиро пеша мекунанд».

Июнь 22, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад