Иштироки намояндагони ташкилотҳои русиявӣ дар ҷаласаи медиа-клуби «Суғдиён»

Июнь 17, 2016 16:00

Хуҷанд, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Русия ва рушди он»-  чунин буд мавзӯи ҷаласаи 43-юми медиа-клуби «Суғдиён», ки дар  шаҳри Хуҷанд доир гашт. Дар кори ҷаласа, ки он ба баргузории ярмаркаи навбатии байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» -и  Анҷумани соҳибкорону сармоягузорон  рабт шуда буд, як гурӯҳ намояндагони ташкилотҳои русиявӣ низ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа иштирокдорон оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии минтақаҳои Русия, хусусан бо минтақаҳои вилояти Суғд, амалишавии лоиҳаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ,  ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АвруОсиё, паҳлӯҳои манфӣ ва мусбати он, таваҷҷуҳи хосаи сокинони минтакаҳои Русия ба содироти меваҷоту хушкмеваи тоҷик ва масъалаву муаммоҳои пешорӯи муҳоҷирони тоҷик сухан гуфтанд.
Ҷонибҳо  оид ба равнақи дӯстиву ҳамкорӣ байни вилоятҳои ду давлат, умеду интизориҳо аз баргузории ярмаркаи байналмилалӣ ва форуми соҳибкорон андешаҳои худро изҳор намуданд.

Июнь 17, 2016 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад