Истеҳсоли орд дар Кӯлоб меафзояд

Июнь 24, 2016 08:19

Кӯлоб, 24.06.2016 /АМИТ«Ховар»/.  Барои пешгирӣ аз воридоти орди  пастсифат ва ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолии орди ватанӣ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои истеҳсолиро  бо муосиртарин таҷҳизот таъмин намуда, воридоти гандумро зиёд мегардонад.
Яке аз ин корхонаҳо Корхонаи коркарди орди шаҳри Кӯлоб мебошад, ки охири соли 2013 бо таҷҳизоти ширкати «Эркан»-и Туркия таҷҳизонида шуд. Айни замон дар корхонаи мазкур навъҳои беҳтарини орд истеҳсол ва пешниҳоди сокинон гардонида мешавад. Ҳамарӯза ба корхонаи мазкур аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо тонна ашёи хом ворид мегарданд, ки фаъолияти мунтазами корхонаро таъмин менамоянд.
Васлу насби дастгоҳҳои муосири ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ дар беҳтар гардидани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла орд замина гузоштааст.  Дастгоҳҳои судакунанда мунтазам фаъолият доранд ва ба қисмати поёнӣ маҳсулоти тайёрро ба воситаи лӯлаҳо интиқол медиҳанд. Ҳар як лӯла вазифаи худро дорад. Ҳоло се дастгоҳи судакунанда орди навъи якум ва се дастгоҳи дигар орди навъи дуюм истеҳсол карда истодаанд. Сифати маҳсулоти воридшаванда ва истеҳсолшуда санҷида шуда, сипас пешниҳоди харидорон гардонида мешавад. Ба қавли роҳбари корхона Ҷамшед  Амиров, корхона пурра бо тарзи муосир аз тариқи компютерҳо идора карда мешавад.
Дар анбори корхона миқдори зиёди гандум ва маҳсулоти тайёр захира карда шудааст. Барои бо нархи арзон ба фурӯш баровардани маҳсулот якчанд мағоза ва нуктаҳои савдо низ фаъол мебошанд.
Ҳоло маҳсулоти корхонаро, ки бо нархи аз бозор арзон ба савдо бароварда шудааст, на танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб, инчунин аз дигар ноҳияҳои минтақа харидорӣ менамоянд. Дар баробари орд дигар маҳсулоти истеҳсолии корхона, чун биринҷу макарон низ пешниҳоди сокинон мегардад.

Июнь 24, 2016 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад