Истеъфои сармураббии дастаи мунтахаби Русия баъди бохт аз Уэлс

Июнь 21, 2016 09:45

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз сармураббии дастаи мунтахаби Русия Леонид Слутский дар нишасти матбуотии баъди бозӣ арз кардааст, ки гуноҳи ғайриқаноатбахш ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахаби Русияро дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо дар Фаронса ба худ мегирад ва аз мансабаш истеъфо медиҳад. Ӯ афзудааст, ки «бояд тими мунтахаби Русияро дигар мураббӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки дар Русия мегузаранд, омода кунад. Футболбозонро мо ба ин бозиҳо ба таври бояду шояд омода карда натавонистем»,- хулоса кардааст Леонид Слутский.
Ёдрас мешавем, ки баъди ҳунарнамоии ниҳоят суст дар бозиҳои интихобии Ҷоми Аврупо Леонид Слутский, сармурабии онвақтаи дастаи мунтахаби Русия Фабио Капелоро иваз карда, бо 4 ғалаба тавонист тими  мунтахаби Русияро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо барорад.

Июнь 21, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд