«Истиқлол»-и Душанбе бо «Локомотив»-и Маскав бозии дӯстона мегузаронад

Июнь 13, 2016 09:32

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Санаи баргузории бозии дӯстонаи дастаи   футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон бо тими «Локомотив»-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи  Русия муайян гардид.
Тибқи иттилои торнамои бошишгоҳи тими «Истиқлол» бозии рафиқона бо тими «Локомотив» 26 июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар асоси шартнома Игор Черевченко, зодаи Тоҷикистон, сармураббии тими «Локомотив» ҳайати асосии дастаашро ба Душанбе хоҳад овард. Торнамои бошишгоҳи «Истиқлол» мегӯяд, ки  бозии мазкур ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, чорумин дидори варзишгарони тоҷик бо тими «Локомотив» хоҳад буд.
Ёдовар  мешавем, ки  тими «Локомотив» яке аз дастаҳои овозадор, қаҳрамони дукаратаи Русия буда, сармураббии он Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Июнь 13, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад