Кӯдакону наврасони пойтахт бо шодию нишот ба «Боғи кӯдакон» омаданд

Июнь 1, 2016 12:04

Душанбе, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ дар ҷомеа арҷгузорӣ намуда, ҳифзу татбиқи онро аз ҳифзи манфиатҳои насли фардосози ҷомеа-кӯдакону наврасон оғоз мебахшад. Исботи ин гуфтаҳо дар эътироф гардидани Конвенсияи  Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кўдак аз ҷониби кишвари Тоҷикистон, қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва таъсиси Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мебошад»,- зикр гардид  дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар «Боғи кӯдакон»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Баъди суханронии роҳбарият ва намояндагони мақомоти дахлдор дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмунҳое, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон шуда буданд, бо дипломҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Иқдоми нозирони навраси ҳаракати роҳ дар кӯчаҳои марказии пойтахт дар ҳамкорӣ бо шуъбаи БДА раёсати ВКД, чорабинии соати экологӣ дар хиёбони марказии пойтахт бо иштироки дастаҳои ихтиёрии патрулони сабзи шаҳр низ ташкил гардида, дар ҳудуди боғ аз ҷониби муассисаҳои таълимии шаҳр барои кӯдакону наврасон намоиши маҳсулоти қаннодӣ ва хӯришҳои гуногун доир гардид.
Ин чорабинии бошукӯҳро консерти идонаву бозиҳои варзишию зеҳнӣ, маърифатӣ, маҳфилҳои ҷолиби кӯдакона, мусаварраҳо эҷоднамудаи кӯдакону наврасон ва ҳунари дастони мактаббачагони муассисаҳои таълимии пойтахт, аз ҳама ҷолиб хурсандии кӯдакону наврасон   ҷилои тоза бахшиданд.
Кӯдакон, ки ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи мо мебошанд, ба таваҷҷуҳу ғамхории хосса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, Пешвои миллат пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамояд. Самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои кӯдакону наврасон аст, ки ҳамасола мактабҳои замонавӣ бо шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешаванд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо насли наврасро мебояд бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот  ба омӯхтани илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани касбҳои гуногун  машғул шаванд.

Июнь 1, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд