Камол Насрулло: Паём аз Боми Ҷаҳон

Июнь 27, 2016 08:36

Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ин иди муборак ва хушқадам аҳли эҷодро ба илҳом овардааст. Манзумаи ба тозагӣ эҷодкардаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулои Рӯдакӣ Камол Насруллоро пешкаши хонандагон менамоем.

Бахшида ба рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон

Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон,
Аз баландои муҳаббат,аз фарози поки имон
Бо сафои сабзаву гулҳо, ба лаҳни обшорон
Мефиристонам саломамро
Бар Шимолу бар Ҷанубу Ғарбу Шарқ,
Бо навиди раъди озодӣ,
Бо паёми рӯшании барқ.

Аз ҳамин марзи саодат,
Аз назаргоҳи нахустини Худо,
Аз баландое, ки дар он
монда Симурғи муқаддас ошён,
Аз диёри ору марзи ориён
Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ин саломи ман ба таърих аст,
бар имрӯзу бар фардо!

Аз Бадахшон аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон
Чун тулӯъи меҳр
Мебарояд ин саломи ман мунаввар карда оламро,
Пора  карда пардаи абри ситамро.

Оре, аз ин лонаи шамси мунаввар,
Он ҳумои  табъи Зардушти кабир
Болафшон дар ҳавои одамият,
Нурафшон аз замир
Бар ҷаҳон пайғоми ишқ оварда буд.

Ин паёми Зардуҳиштӣ,
Ин саломи некроён
Рӯйи оламро мунаввар сохт,

Дар сиришти адл, бунёди накуӣ
Қасри бовар сохт.
Фазл дар фонуси фитрат шуд фурӯзон.

Ӯ ки бо пиндору бо гуфтору бо кирдори нек,
Дар фурӯғи партави нури Аҳуро
Аввалин дини Худои яккаро изҳор кард,
Офтоберо фурӯзон дар шабони тор кард.

Баъди ӯ бо доди адл омад Курӯш, озод кард
Одамиятро зи банди худфиребиву таассуб,
Қадри миллатҳои оламро баробар кард,
То ба эъҷози саломе
Халқҳои рӯи оламро бародар кард.

Оқибат имрӯз дар ин хоки ҳикматхез
Бо паёми оби пок омад фари Раҳмони мо,
Ташнагони рӯи оламро сафо бахшид,
Миллати фархундаро пайки раҳо бахшид,
Шуд муҷалло дар фаросӯи замон армони мо!

Аз Бадахшон, аз сари Боми ҷаҳон, аз Тоҷикистон
Бо тулӯъи озаринаш мебарояд
Офтоби меҳрафшони саломи ман.

Бо суруди Рӯдакиву бо фари Хайём ,бо симои Сино,
Бо каломи ноби Фирдавсӣ,
Бо лисони он лисонулғайб, бо оҳанги Мавлоно
Бар тамоми чор самти даҳр
Бол мебахшам саломамро..!

Дар  саломи ман ҳама умеду армони башар ҳаст,
Офтоби ишқ дар он
Чун дирафши қаваёнӣ ҷилвагар ҳаст.

Ман ба силки як саломи худ  бупайвандам
Халқҳоро, наслҳоро, аслҳоро…

Ин саломи ман ҳумои адлу озодист,
Бар ҳама озодагон дорад паёме.

Мебарам ман пайки осоиш  ба ҳар дар,
Мезанам пайванд бо ин як саломам  қитъаҳоро, одамонро,
Мекунам равшан ба нури он заминро, осмонро!
Мефиристам ман саломамро
Бо ҳамин лаҳни шакархо,
Бо забони мардуми аҳли биҳишт,
Бо забоне, ки каломашро навиди Ҳақ сиришт!

Ин саломе, ки бигирад пеши роҳи тирро,
Пеши роҳи найзаву шамшерро.

Ман ҷаҳонро оқибат хоҳам гирифт
Бо ҳамин эъҷоз, эҷози саломе,
Бо муҳаббат, бо адолат, бо паёме!

Ин  саломи ман
Дар фурӯғи оташи тобони ишқ
Кинаву рашку хусуматро бихоҳад кушт,
Халқи оламро ба ҳам орад
Дар навои рӯҳафзое ба як арғушт.

Ин саломи ман
Мурғаконро аз қафасҳо мекунад озод,
Мебарад аз дил ба дил осоишу иршод.

Эй Худо, эй халқ, медонед?!
Худ наҷоти одамин дар ин калом аст,
Он чи моро мекунад хушбахт бо ҳам
Як салом аст.

Ассалом, эй даҳр, эй дунё!
Ассалом , эй тифл, эй фардо!

Ҳар ки гирад ин саломамро ба дил, рӯшан шавад,
Ҳар ки гирад ин саломамро ба лаб, гулшан шавад,
Ин салом эъҷози ҳастии шумост..!

Як насаб хоҳам нависанд одамон
Дар шиносономаҳошон  дар ҷаҳон,
Дар тамоми ҳуҷҷати буду набуд,
Дар тамоми ҳуҷҷати асли вуҷуд,
Хоҳам одамро чунин монанд ном:
Ассалому воалайк,
Воалайку ассалом!

То ки ин ҳуҷҷат
Аз ҳама марзаш бубахшояд иҷозат бар вуруд,
Аз ҳама сарҳад тавонад бигзарад
Чун кабӯтар, чун суруд…

Ҳар саломи ман дуруд аст аз муҳаббат,
Ҳар саломам мебарад аз меҳр пайк.
Ассалому ассалому ассалом!!!
Воалайку воалайку воалайк !!!

Июнь 27, 2016 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст