Кодекси меҳнат дар таҳрири нав: Корманде, ки дар ҳолати мастӣ ба кор меояд, аз кор озод карда мешавад

Июнь 17, 2016 16:33

Душанбе, 17.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар таҳрири нав қабул  гардид. Дар асоси сархати 6 қисми 1 моддаи 42, қисми 2 моддаи 50 ва сархати 3 қисми 1 моддаи 190 муқаррар карда шуд, ки агар корманд дар ҳолати мастӣ ба кор ҳозир шавад, дар ин сурат  корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатии коргарро бекор намуда, ӯро аз кор озод намояд.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумон пешниҳод гардида,  он муносибатҳои меҳнатӣ,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар субъектҳои  муносибатҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ба онҳоро ба танзим медарорад.
Дар тарҳи нави Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои кори фосилавӣ (дистансионӣ), корманди хонагӣ, корманди хонакор, музокироти коллективӣ, созишнома, хизмати гражданӣ, хизматчии гражданӣ, шартномаи коллективӣ ва шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ илова карда шуданд
Инчунин дар тарҳи нави Кодекси меҳнат боби 28 боби нав буда, меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба танзим медарорад.

Июнь 17, 2016 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад