Комиссияи Аврупо ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон кумак мерасонад
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона барои рафъи оқибатҳои обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар нӯҳ ноҳияи Тоҷикистон 9-12 майи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста буданд, 60 ҳазор евро ҷудо намудааст.
Боронҳои шадид дар Тоҷикистон боиси марги 5 нафар, бепаноҳу беозуқа мондани 1500 оила, зарари инфрасохтори муҳими заминҳои кишт ва талафи чорво гардиданд.
Саридораи Комиссияи Аврупо оид ба кумакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом «ECHO» ҷавобан ба илтимоси Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ, барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ ҷудо кард. Қарори мазкур дар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони зайл: «Дастаи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангии амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода», ба истилоҳ «РЕАКТ», мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон гузаронида шуда буд, қабул гардид.
Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас карда шуд, то ин созмон 320 оилаи аз ҳама бештар зарардидаро бо молҳои ғайрихӯрокӣ, аз ҷумла кӯрпачаҳо, рахти хоб, болопӯшҳо ва болишту бастачаҳои беҳдоштӣ таъмин намояд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






