Комиссияи Аврупо ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон кумак мерасонад

Июнь 2, 2016 08:58

Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона барои рафъи оқибатҳои обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар нӯҳ ноҳияи Тоҷикистон 9-12 майи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста буданд, 60 ҳазор евро ҷудо намудааст.
Боронҳои шадид дар Тоҷикистон боиси марги 5 нафар, бепаноҳу беозуқа мондани 1500 оила, зарари инфрасохтори муҳими заминҳои кишт ва талафи чорво гардиданд.
Саридораи Комиссияи Аврупо оид ба кумакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом «ECHO» ҷавобан ба илтимоси Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) оид ба расонидани ёрии таъҷилӣ, барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ ҷудо кард. Қарори мазкур дар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони зайл: «Дастаи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангии амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода»,  ба истилоҳ «РЕАКТ»,  мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон гузаронида шуда буд, қабул гардид.
Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас карда шуд, то ин созмон 320 оилаи аз ҳама бештар зарардидаро бо молҳои ғайрихӯрокӣ, аз ҷумла кӯрпачаҳо, рахти хоб, болопӯшҳо ва болишту бастачаҳои беҳдоштӣ таъмин намояд.

Июнь 2, 2016 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад