Конфронси байналмилалии Душанбе оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ

Июнь 13, 2016 09:25

Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳайят реҷенси»-и Душанбе Ёрдамчии Котиби генералии СММ Ҷаҳон Султоноғлу, ки ҳамзамон директори минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, дар мавзӯи «Таҳияи чорабиниҳо барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» изҳороти матбуотӣ пахш мекунад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Пешгирии тундравии ифротӣ» бо иштироки коршиносону мутахассисони соҳа аз кишварҳои гуногун баргузор мегардад.
Дар назар дошта шудааст, ки дар кори конфронс вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок ва суханронӣ кунад.
Аз ҷараёни конфронс маълумоти бештар давоми рӯз нашр мегардад.

Июнь 13, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад