Конибодом: Армуғони донишҷӯён- ҳалқаи калид аз бодом

Июнь 2, 2016 15:49

Душанбе, 2.06.2016 / АМИТ Ховар/. Донишҷӯёни Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом аз меваи бодом ҳалқаи калидро ҳамчун армуғон барои Фестивали истеъдод ва ҳунари таълимгоҳҳои миёнаи техникӣ тайёр кардаанд.
Конибодом  шаҳрест дар шимоли Тоҷикистон ва ҳамчун макони бодом эътироф шудааст, -мегӯяд Музаффар Ҳомидов, директори Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом. Конибодом таърихи 3000- сола дошта, дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷой гирифтааст. Аз ин лиҳоз, дар такя ба таърихи ғании шаҳри азизамон донишҷӯёни факултаҳои менеҷмент ва дизайн армуғони бодомиро эҷод карданд, — хулоса намуд М.Ҳомидов.
Ихтироъкории донишҷӯён аз ҷониби ҳукумати шаҳри Конибодом ба хубӣ пазируфта шуда, ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бодом бо се ранги парчами миллӣ ва ҳафт ситораи тоҷ оро дода шудааст.

Зайнуддин Орифӣ
журналист

Июнь 2, 2016 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад