Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи металлургии шаҳри Истиқлол хуб ҷараён доранд

Июнь 16, 2016 09:57

Истиқлол, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол тибқи нақша дар муддати наздик ба ду соли наздик як минтақаи калони саноатии муштарак бунёд хоҳад гашт, ки дар заминаи он, аз ҷумла як коргоҳи азими металлургӣ сохта мешавад. Коргоҳ бо истифода аз манбаъҳои табиии  ин мавзеъ ба истеҳсоли металлҳои сурбу руҳ  машғул хохад гашт. Бояд гуфт, ки баҳри бунёди коргоҳи мазкур моҳи апрели соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар аз мақомоти маҳаллии шаҳри Истиқлол иттилоъ доданд, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба ин мавзеъ сафари корӣ анҷом дод.  Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона 50 ҳазор тонна сурб ва ҳамин миқдор руҳ истеҳсол карда мешавад. Айни замон ба корҳои сохтмонии коргоҳи мазкур зиёда аз 80 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ва 20 нафар мутахассисони чинӣ ҷалб шудаанд. Инчунин бо ба истифода додани коргоҳ имкон пайдо мегардад, ки дар баробари металлҳои сурбу руҳ, оҳаксангу қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол шаванд.
Корхонаи металлургӣ тибқи нақша ба маблағи 200 миллион доллари ИМА бо ҷалби сармоягузориҳои чинӣ бунёд гардида, баробари ба фаъолият оғоз кардани он дар ин коргоҳ наздик ба 1300 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт, ки 90 дарсади онро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.

Июнь 16, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад