Корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи металлургии шаҳри Истиқлол хуб ҷараён доранд
Истиқлол, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол тибқи нақша дар муддати наздик ба ду соли наздик як минтақаи калони саноатии муштарак бунёд хоҳад гашт, ки дар заминаи он, аз ҷумла як коргоҳи азими металлургӣ сохта мешавад. Коргоҳ бо истифода аз манбаъҳои табиии ин мавзеъ ба истеҳсоли металлҳои сурбу руҳ машғул хохад гашт. Бояд гуфт, ки баҳри бунёди коргоҳи мазкур моҳи апрели соли 2014 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар аз мақомоти маҳаллии шаҳри Истиқлол иттилоъ доданд, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба ин мавзеъ сафари корӣ анҷом дод. Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона 50 ҳазор тонна сурб ва ҳамин миқдор руҳ истеҳсол карда мешавад. Айни замон ба корҳои сохтмонии коргоҳи мазкур зиёда аз 80 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ва 20 нафар мутахассисони чинӣ ҷалб шудаанд. Инчунин бо ба истифода додани коргоҳ имкон пайдо мегардад, ки дар баробари металлҳои сурбу руҳ, оҳаксангу қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол шаванд.
Корхонаи металлургӣ тибқи нақша ба маблағи 200 миллион доллари ИМА бо ҷалби сармоягузориҳои чинӣ бунёд гардида, баробари ба фаъолият оғоз кардани он дар ин коргоҳ наздик ба 1300 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт, ки 90 дарсади онро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






