Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Агентии коррупсия дастгир гардид

Июнь 23, 2016 09:09

Душанбе, 23. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/.  Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Чалиш Хоҷаев аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шуд.
Тавре ки маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва    мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни гузаронидани корҳои фаврию ҷустӯҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Хоҷаев Чалиш Ҷабборович бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи бовар, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд «М» даромада, аз ӯ барои аз хизмати ҳарбӣ бо сабаби беморӣ озод намудани фарзандонаш ва гирифта додани билети ҳарбии ғайриқобили хизмат маблағи 1000 доллари амрикоӣ гирифта,  дар асоси маслиҳати пешакӣ аз маблағи гирифтааш 800 доллари амрикоиро ба ҳамкори худ, сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии шаҳри Чкалов Маҷитова Тӯтинисо Абдуҷалиловна додааст.
Дар натиҷа аз ҳардуи онҳо далели шайъӣ- маблағи 1000 доллари амрикоӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбат ба Хоҷаев Ч. Ҷ. ва Маҷитова Т. А. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Июнь 23, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе