Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Агентии коррупсия дастгир гардид
Душанбе, 23. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/. Корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Чалиш Хоҷаев аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шуд.
Тавре ки маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни гузаронидани корҳои фаврию ҷустӯҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд Хоҷаев Чалиш Ҷабборович бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи бовар, бо истифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд «М» даромада, аз ӯ барои аз хизмати ҳарбӣ бо сабаби беморӣ озод намудани фарзандонаш ва гирифта додани билети ҳарбии ғайриқобили хизмат маблағи 1000 доллари амрикоӣ гирифта, дар асоси маслиҳати пешакӣ аз маблағи гирифтааш 800 доллари амрикоиро ба ҳамкори худ, сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии шаҳри Чкалов Маҷитова Тӯтинисо Абдуҷалиловна додааст.
Дар натиҷа аз ҳардуи онҳо далели шайъӣ- маблағи 1000 доллари амрикоӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбат ба Хоҷаев Ч. Ҷ. ва Маҷитова Т. А. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






