Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ду ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии заминро ошкор намуданд

Июнь 21, 2016 09:41

Душанбе, 21.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки сармуҳосиби раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ Бобомурод Тураев дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Аҳмадбек Нурмуҳаммадов ва раиси хоҷагии деҳқонии «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ Олимҷон Садриддинов бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «Г» даромада, барои ҷудо карда додани 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди деҳаи Оли Совети ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯ маблағи 9000 доллари амрикоиро талаб карда, аз маблағи талабкардаашон ҳамчун пешпардохт 4500 доллари амрикоӣ гирифта, онро тасарруф намудаанд. Нисбат ба Бобомурод Тураев, Олимҷон Садриддинов  ва Аҳмадбек Нурмуҳамадов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Хамчунин  аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Хуҷанд Абдусамад Ваҳобов дастгир гардид. Номбурда, ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, моҳи октябри соли 2014 бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон «Н» ва «Ф», ки мақсади гирифтани қитъаи заминро барои сохтмони фермаи чорвопарварӣ доштанд, даромада, аз онҳо бо ваъдаи аз ҳисоби заминҳои корами собиқ фермаи бурдоқипарварии хоҷагии ба номи «Раҳмон Набиев»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 3,5 га қитъаи замин барои сохтмони фермаи чорвопарварӣ 70 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, аз маблағи талабкардааш 52 ҳазор доллари амрикоиро бо роҳи қаллобӣ гирифта, онро тасарруф намудааст.
Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд А. Ваҳобов  бевосита баъди аз шаҳрванд «Н» гирифтани боқимонда маблағи 22 000 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд. Нисбат ба Абдусамад Ваҳобов  бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Июнь 21, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе