Коршиносони минтақавӣ масъалаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро муҳокима карданд

Июнь 1, 2016 14:52

Душанбе, 01.06.16. /АМИТ «Ховар»/.  1 июн дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии коршиносон-таҳлилгарони идораҳои аъзои лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ аз тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ (ОҲС)» — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон  ба кори худ оғоз намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, иштирокдорон масъалаҳои вобаста ба истифодаи таъминоти барномавии IBM i2 баҳри ҷамъоварӣ намудани мавод барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон, шабакаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар вохӯрӣ мавқеи ҳисоботдиҳӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти таҳлилии офиси мазкур  коркард мегарданд.
Ба ҳайати офисҳои ҳамкории сарҳадӣ як нафарӣ намояндагони АНМН, ВКД, қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо  ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиёти муштарак, аз ҷумла дорои хислати байналмилалӣ  мебошад.
2 июн иштирокдорон аз Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Дӯстӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон дидан хоҳанд намуд.

Июнь 1, 2016 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст