Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ аз ҷойҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекунад
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 июни соли равон котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ зимни сафар бо роҳбарони воломақоми кишвар, донишҷӯёни риштаи туризми муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси мамлакат мулоқоту музокирот намуда, аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии кишвар, аз ҷумла Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳи пойтахт, ноҳияи Варзоб, Неругоҳи барқи обии Норак, истироҳатгоҳи «Пули Сангин» ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат боздид ба амал меорад.
Тавре ки маълум аст, соҳаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ва феномени иқтисодии асри ХХ эътироф гаштааст.
Дар бештар кишварҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои берунӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо назардошти омилҳои мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Аз рӯзҳои аввали шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ (СУТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ин ташкилот ба роҳ монд. Моҳи майи соли 2010 Котиби Генералии СУТ Толиб Рифоӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо як қатор масъулини вазорату идораҳои мамлакат вохӯриҳои судманд анҷом дод. Вобаста ба ҳамкории судманд байни мақомоти ваколатдор дар соҳаи туризм ва СУТ Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм имзо гардид.








Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд






