Кумаки Вазорати кишоварзӣ ба мактаб — интернати ноҳияи Ёвон
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июни соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон бо иштироки меҳмонону тарбиягирандагон ва омӯзгорон ҷамъомади хотирмон доир гардид.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иштирокдоронро бо ҷашни байналмиллалии ҳифзи кӯдакон самимона шодбош гуфт.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиягирандагони мактаб-интернат пешкаши ҳозирин гардид. Дар доираи чорабинии мазкур Вазорати кишоварзӣ барои тарбиягирандагони мактаб- интернат дастурхони идона омода намуд. Инчунин баҳри дастгирии тарбиягирандагон ва таъмири микроавтобуси муассисаи мазкур маблағи молиявӣ низ кумак расонида шуд. Директори муассисаи мазкур З.Умматзода барои дастгирӣ ва кумакҳои пайвастаи Вазорати кишоварзӣ изҳори сипос намуд.
Ёддовар мешавем, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон 234 нафар тарбиягирандагон, аз ҷумла 2 нафар ятим, 148 нафар нимятим ва 84 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Шароити зиндагонии тарбиягирандагони муассисаи мазкур хуб ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати таҳкими пояи моддию техникии мактаб- интернат 32 компютер, 5 нотбук, 2 тахтаи электронӣ ва 2 проектор мавриди баҳрабардории тарбиятгирандагон қарор дошта, 106 нафар хонандагон дар хобгоҳи замонавӣ таҳсилу истироҳат менамоянд. Инчунин тарбиягирандагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд ва аз китобхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ ва варзишгоҳ самаранок истифода менамоянд.
Мактаб- интернт дорои 2 гектар замини хоҷагии ёрирасон буда, дар он кишти зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад ва ҳамасола маҳсулоти он барои истифодаи тарбиягирандагон дар тамоми фасли сол захира карда мешавад.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






