Кумаки Вазорати кишоварзӣ ба мактаб — интернати ноҳияи Ёвон

Июнь 2, 2016 11:31

Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон  1 июни соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати  ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон бо иштироки меҳмонону тарбиягирандагон ва омӯзгорон  ҷамъомади хотирмон доир гардид.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова иштирокдоронро бо ҷашни байналмиллалии ҳифзи кӯдакон самимона шодбош гуфт.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиягирандагони мактаб-интернат  пешкаши ҳозирин гардид. Дар доираи чорабинии мазкур Вазорати кишоварзӣ барои тарбиягирандагони мактаб- интернат  дастурхони идона омода намуд. Инчунин баҳри дастгирии тарбиягирандагон ва таъмири микроавтобуси  муассисаи мазкур маблағи молиявӣ  низ кумак расонида шуд. Директори муассисаи мазкур З.Умматзода барои дастгирӣ ва кумакҳои пайвастаи Вазорати кишоварзӣ изҳори сипос намуд.
Ёддовар мешавем, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон 234 нафар тарбиягирандагон, аз ҷумла 2 нафар ятим, 148 нафар нимятим ва 84 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Шароити  зиндагонии тарбиягирандагони муассисаи мазкур хуб ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати таҳкими пояи моддию техникии мактаб- интернат 32 компютер, 5 нотбук, 2 тахтаи электронӣ ва 2 проектор  мавриди баҳрабардории тарбиятгирандагон қарор дошта, 106 нафар хонандагон дар хобгоҳи замонавӣ таҳсилу истироҳат менамоянд. Инчунин тарбиягирандагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд ва аз китобхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ ва варзишгоҳ самаранок истифода менамоянд.
Мактаб- интернт дорои 2 гектар замини хоҷагии ёрирасон буда, дар он кишти зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад ва ҳамасола маҳсулоти он барои истифодаи тарбиягирандагон дар тамоми фасли сол захира карда мешавад.

Июнь 2, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд