Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 38 нафарро наҷот дод

Июнь 22, 2016 09:26

Душанбе, 22. 06.16. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир  кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалиёти  наҷотдиҳӣ гузарониданд, ки дар натиҷаи он чандин нафар одамон наҷот дода шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова хабар дод, аз ҷумла  20 июн  наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  амалиёти наҷотдиҳии ангиштканони  кони ангишти Шӯробро муваффақона анҷом доданд.
Ба навбатдори  Ситоди қисми ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳии шаҳри Хуҷанд хабар оид ба пайдо шудани аломатҳои дуд дар дохили кон  ворид гашт.
Бо мақсади пешгирии сӯхтор, наҷотдиҳандагони кумита дар мадди аввал ангиштканонро аз дохили кон берун намуда, дар ҷойҳои лозимии кон деворҳои муҳофизатӣ сохтанд.
Ҳамчунин 20 июн,  соати 20:20  ба кумита хабар оид ба он, ки марди 33- сола  ҳангоми оббозӣ дар  мавзеи манъшудаи дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Рўдакӣ дар миёни об дармондааст,  ворид гашт.
Дастаи наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии кумита зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар як муддати кӯтоҳ шаҳрвандро  наҷот дод.
Бояд зикр кард, ки аз аввали соли 2016 аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  207 амалиёти наҷотдиҳӣ гузаронида, дар натиҷаи он  38 нафар наҷот дода шуд.

Июнь 22, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд