Курси омӯзишӣ дар Маркази таълимию методии КҲФ
Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи афсарони ҷавони сохторҳои таркибии Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Маркази методию таълимӣ курсхои омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз рафти баргузории машғулиятҳо шинос шуда, бо ҳайати афсарони дар курс ҷалбгардида ҳамсуҳбат шуд.
Ҳамчунин зимни суҳбат бо афсарон Рустам Назарзода иброз намуд, ки
бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи техникаву таҷҳизотҳои соҳавӣ дар сохторҳои таркибии Кумита таъмин гардидаанд ва роҳбарияти Кумита барои баланд бардоштани савияи дониши ҳайати афсарони ҷавон ва дастгирии ҷавонон дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу — Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки курси мазкур то 1 июл идома ёфта, дар интиҳо ба афсарони дар курсҳо ҷалбгардида, сертификат супорида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






