«Лада-Приора»: туҳфа барои мухлисони футбол дар бозии «Локомотив»-и Маскав ва «Истиқлол»-и Душанбе

Июнь 13, 2016 11:18

Душанбе,13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, бахшида ба 25-солагии истиқлолияти мамлакат бо ташаббуси роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» ва сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Клуби футболи «Локомотив»-и Маскав 26 июн барои баргузор кардани вохӯрии дӯстона бо чемпиони чоркаратаи мамлакат- «Истиқлол» ба Душанбе меояд.
Бино ба хабари дафтари матбуоти клуби футболи «Истиқлол», ин вохӯрӣ соати 21 ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказӣ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни гуфтушунид бо сармураббии дастаи «Локомотив», ҳамватани мо Игор Черевченко қарор ҳосил шуд, ки ба Душанбе ҳайати асосии дастаи «Локомотив» ҳозир мешавад.
Роҳбарияти дастаи «Истиқлол» барои хотирмон гузаштани ин бозии дӯстона барои мухлисони футбол бозии лотереяро низ таъсис додаанд, ки дар он мошини «Лада-Приора»  ва телефонҳои мобилии замонавӣ ба бозӣ гузошта мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки аз ин пештар «Истиқлол»-и Душанбе чунин бозиҳои дӯстонаро бо клубҳои «Шалке-04», «Хассен-Кассел»-и Олмон ва «Газовик»-и Русия баргузор карда буд.

Июнь 13, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад