Лигаи якум: Дастаҳо ба танаффуси тобистона рафтанд
Душанбе,22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди баргузории даври 9 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи якум дастаҳои ширкаткунанда ба танаффуси тобистона баромаданд, ки он то 19 июл давом мекунад. Бохти ғайричашмдошти «Панҷшер» аз «Зарафшон»(2:3) дар даври 9 дар майдонаш имкон фароҳам овард,ки «Саройкамар» баъди ғалабаи чашмрас бар «Чашма» (6:0) аз нав ба садри ҷадвали мусобиқот барояд.
Дар даври нӯҳум «Кӯктош» низ дар сафар аз дастаи навтаъсиси «Парвин» (4:2) ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва аз зинаи 3 ба 4 поён рафт. Ин ҳолатро истифода карда, «Помир» баъди пирӯзиаш бар «Ҳулбук»(2:0) як зина боло баромад.
Дастаҳои «Коммуна» бар «Канд»(3:2) ва «Исфара» бар «Ваҳдат» (2:0) дар ин давр ғалаба карданд.
Нишонзанҳои беҳтарини Лигаи аввал инҳоянд:
Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 14 тӯб, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 12 , Некруз Козимов («Кӯктош») – 9 тӯб.
Ҷадвали мусобиқот баъди 9 давр чунин аст:
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Саройкамар» (Панҷ) | 8 | 7 | 0 | 1 | 21-4 | 21 |
| 2 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 9 | 7 | 0 | 2 | 22-7 | 21 |
| 3 | «Помир» (Душанбе) | 9 | 5 | 2 | 2 | 20-11 | 17 |
| 4 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 8 | 5 | 1 | 2 | 18-7 | 16 |
| 5 | «Исфара» (Исфара) | 8 | 5 | 1 | 2 | 13-7 | 16 |
| 6 | «Парвин» (Бохтар) | 8 | 4 | 1 | 3 | 15-16 | 13 |
| 7 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 8 | 3 | 1 | 4 | 16-15 | 10 |
| 8 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 8 | 3 | 1 | 4 | 8-18 | 10 |
| 9 | «Чашма» (Шахритус) | 9 | 2 | 2 | 5 | 15-23 | 8 |
| 10 | «Канд» (Конибодам) | 8 | 2 | 1 | 5 | 9-17 | 7 |
| 11 | «Коммуна» (Фархор) | 9 | 2 | 1 | 6 | 8-18 | 7 |
| 12 | «Локомотив» (Душанбе) | 8 | 1 | 2 | 5 | 7-18 | 5 |
| 13 | «Зарафшон» (Панҷакент) | 8 | 1 | 1 | 6 | 9-20 | 4 |
Даври 10 рӯзи 19 -20 июл гузаронида мешавад, ки дар он «Панҷшер» бо «Саройкамар», «Исфара» бо «Зарафшон», «Кӯктош» бо «Ваҳдат», «Ҳулбук» бо «Парвин», «Канд» бо «Помир» ва «Локомотив» бо «Коммуна» қувва месанҷанд.








Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид






