Лионел Мессӣ ба зиндон меравад?
Душанбе, 02.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Додгоҳи Барселона муҳокимаи парвандаи саркашии ситораи футбол Лионел Мессиро аз супурдани андоз оғоз кард. Мессии 28-сола ҳамроҳ бо падараш бо он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади умумии тахминан 4,1 миллион евро як сент молиёт насупурдаанд. Дар рӯзи аввали муҳокима Мессӣ ва падараш ҳузур надоштанд. Дар ҳоли собит шудани гуноҳ: Лионел Мессӣ ва падараш метавонанд ба муддати 22 моҳ аз озодӣ маҳрум шаванд.
Чанде пеш Мессӣ гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурдааст ва иттилоъ надоштааст, ки ӯ бо пулҳояш чӣ кор мекунад? Баъзе ҳаводорони Мессӣ бовар доранд, ки ин ситораи аргентинии футбол воқеан бегуноҳ аст. Дигарон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам намешавад.
Дар гузашта низ чунин ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз андозсупорӣ ҷой доштааст.
Беҳтарин теннисбози солҳои 1990-ум Штефӣ Графф бо айбномаи саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам шуд, вале он замон падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣ ҳам шуда буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






