Лоиҳаи навбатии омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои осебпазир ба имзо расид
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи навбатии омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ иқтидор ва имкониятҳои ҷомеаҳо, сохторҳои маҳаллӣ ва мутахассисони соҳавӣ дар самти коҳиши офатҳои табиӣ такмил дода мешаванд. Лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ шуда, аз Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз Қирғизистон вилоятҳои Норину Ӯшро бо ҷалби 21 ҳазор нафар фаро мегирад. Менеҷери лоиҳаи мазкур Идрис Ҷонмамадов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки: Мақсади лоиҳа тавассути фароҳам овардани муҳити бехатар баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ, таҳкими иқтидори ниҳодҳои миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ дар идоракунии хатари офатҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Департаменти кумаки башардӯстонаи Комиссияи Аврупо ва мудофиаи шаҳрвандӣ (ECHO) таҳти барномаи «Нақшаи татбиқи башардӯстона» ва Фонди Оғо-Хони Британияи Кабир барои амалӣ кардани даври нуҳӯми «Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ — ДИПЕКО дар Осиёи Миёна» шартнома ба имзо расонданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фокус Кумаки Башардӯстона (ФОКУС) дар ҳамдастӣ бо Миссияи Шарқ дар Тоҷикистон ва Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) дар Қирғизистон амалӣ хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки Фонди Оғо-Хон, Миссияи Шарқ ва БҶИИМК дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи лоиҳаи Нақшаи татбиқи башардӯстона (қаблан ДИПЕКО) ба коҳиш додани хатарҳо, мусоидати тағйироти системавӣ барои кам кардани хатарҳо, таҳияи чорабиниҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ ҳамкории судманд роҳандозӣ мекунанд.
Аз соли 2003 инҷониб Департаменти кӯмаки башардӯстонаи Комиссияи Аврупо ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва Фонди Оғо-Хон/ФОКУС дар ҳамкорӣ барои паст кардани хатарҳои табиӣ ва бехатар кардани сатҳи некӯаҳволии сокинони Осиёи Марказӣ силсилаи чорабиниҳоро амалӣ намуда, иқдомҳои навро ҷорӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






