Лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода мешавад
Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар назар дошта шудааст, ки иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол, афзоиш дода мешавад. Ҳамчунин дар ин давра содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хаттҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА-1000 то 10 миллиард киловатт-соат афзун карда мешавад.
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушд бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар кори он самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мавриди баррасии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ муайян карда шуданд. Дар ҷаласаи мазкур бандҳои лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор дода шуд.
Аз ҷумла, изҳор карда шуд, ки роҳҳои мошингарду оҳан, нақбу пулҳо, марказҳои логистикӣ, фурудгоҳу долонҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ бунёду таҷдид гардида, хизматрасониҳои соҳа ба сатҳи талаботи байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд. Ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар иқтисодиёт афзалияти бештар дода шуда, ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ дар ташаккули ММД аз 5 фоизи кунунӣ то 25 фоиз зиёд карда мешавад. Аз ҳисоби рушди соҳаҳои коркард, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, хӯрокворӣ, сохтмонӣ, кимиёвӣ, маъданҳо ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд. Дар 15 соли минбаъда аз 40 то 70 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули кор зиёд карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020»-ро бо назардошти мулоҳизаву пешниҳодҳои ҷаласаи имрӯза такмил дода, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






