«Мабошед касро ба бад раҳнамун» — шарҳи матбуот

Июнь 16, 2016 15:57

Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (13.06.2016, №113) мақолаи «Пешвои миллат – бунёдгузори ваҳдати миллӣ» дарҷ гардидааст. Муаллифи мақола А.Муллоев навиштааст: «Чеҳраи дурахшони сиёсатмадорӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро бе арзишҳои миллӣ, аз қабили истиқлолият ва ваҳдати миллӣ тасаввур наметавон кард. Зеро камоли шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин арзишҳост». Дар шумораи мазкури нашрия зери рубрикаи «Сухани рӯз» андешаҳои Толиб Рифоҳӣ — Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ нашр шудаанд. Номбурда ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, баъд аз шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии мамлакату ва сокинон чуннн изҳор карда буд: «Тоҷикистон дар дунё мақому манзалати хоса дорад. Ин миллат бо Пешвои муаззамаш аз ҷониби тамоми кишри ҷомеа эҳтирому эътибор пайдо намудааст. Дар дили ман ин кишвар ҷойи хос дорад. Тоҷикистон  кишварест ҳамчун биҳишти кашфношуда».

Мақолаҳои «Кишвари роҳҳои обод», «Конибодом, чаро корхонаи азими истеҳсолӣ аз кор бозмонд?», «Фоизи баланди қарз монеи рушд аст», «Манфиати геополитикӣ ва хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ», хабарҳо дар бораи барқияи тасаллият ирсол намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ИМА Барак Обама вобаста ба амали террористӣ дар шаҳри Орландо, мулоқоти С.Аслов бо намояндаи дабири кулли СММ Петко Драганов, дар ҷаҳон ба андозаи 10 фоиз зиёд шудани савдои яроқу аслиҳа ва дигар навиду гузоришҳо дар шумораи рӯзи сешанбе нашршудаи «Ҷумҳурият» (14.06.2016 №114) пешкаши хонандагон шудаанд.

Шумораи дирӯзаи «Ҷумҳурият» (15.06.2016 №115) аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ А.Зуев ва дар Қасри миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудани Фармондеҳи фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Вотел хабарҳои муфассал нашр намудааст. Зимни ин мулоқотҳо А.Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории густурда изҳори сипос намуда, генерал Ҷозеф ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир баҳои баланд дод. Мақолаи «Мабошед касро ба бад раҳнамун» ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ навишта шуда, муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки қудратхоҳон шеваи муборизаро ба суди худ тағйир дода, оташи хархашаҳои мазҳабиро аланга мезананд ва афроди алоҳидаро ба ҷодаи «сулҳфурӯшу оқибатҷанг» тела медиҳанд.

«Садои мардум» дар шумораи рӯзи шанбе (11.06.2016, №75) матни ҳамдардии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба наздикони Қаҳҳор Маҳкамов – ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 июни соли 2016 баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 аз олам даргузашт, нашр намудааст. Дар матни ҳамдардӣ омадааст: «Қаҳҳор Маҳкамов дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Ӯ ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд». Дар ин шумораи нашрия аз қабул шудани Қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» дар таҳрири нав, ҷараёни муҳокимаи қонуни мазкур аз тарафи намояндагони мардумӣ гузориши муфассал пешкаши хонандагон шудааст.

 Шумораи навбатии «Садои мардум» аз 14 июни соли 2016 ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти раисии Ш.Зуҳуров инъикос карда, аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» хабар нашр кардааст.

Нашрияи парлумонӣ дар шумораи имрӯза («Садои мардум», № 77, 16.06.2016) фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амрҳои Сарвари давлатро оид ба таъйиноти кадрӣ дар баъзе мақомот ва сохторҳои Ҳукумати мамлакат интишор кардааст. Мақолаи А. Миралиев бо номи «Бузургтарин дастоварди Истиқлол» ба истиқболи 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ навишта шуда, муаллиф таъкид намудааст, ки «Ваҳдати миллӣ эҳёи дубораи миллат ва таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ мебошад».

Нашрияи «Народная газета» (15.06.2016, №25) мақолаҳои   «Бастаи санадҳо барои президентон», «Рафтанду дар қалбҳо ёдашон монд», «Чӣ тавр дар Русия метавон худӣ шуд?», «Сулҳу созиш – ихтирои тоҷикон»-ро чоп намуда, инчунин аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хабарҳо ва аз ҳаёти варзишии кишвар навидҳоро пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаҳои «Оё мо истироҳат мекунем?», «Моҳи аёдату ёрмандӣ», «Бепарвоӣ дар парлумони Аврупо», «Одоби салом аз байн рафтааст» ва дигар матлабҳои журналистиро нашр кардааст. Муаллифи мақолаи «Оё мо истироҳат мекунем?» навиштааст, ки дар Тоҷикистон то ҳоло фарҳанги истироҳат ташаккул наёфтааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбати хабарнигори худро бо сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковник Фотеҳ Қунғуротзода нашр кардааст, ки зимни он мавзӯъҳои пешгирии фоҳишаҳо, бенизомӣ дар иди ҳиндуҳо, овозаҳои ДИИШ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мавриди суолу ҷавоб қарор дода шудаанд.

Ҳафтаномаи «СССР» дар шумораи навбатӣ мушоҳидаҳои Мину Аминзодаро аз нарху навои бозорҳои пойтахт пешкаши хонандагон намудааст. Муаллиф навиштааст, ки субҳ нархи меваҷот ва сабзавот дар бозори «Деҳқон» арзон аст, вале давоми рӯз нархи ҳар кило меваҷот ва сабзавот аз тарафи савдогарони дигар бозорҳои пойтахт ба андозаи 4-8 сомонӣ боло бурда мешавад.

Ҳафтаномаи «Самак» мақолаи «Мошин мехарему мошин мехарем…»-и Бахтиёри Қутбиддинро нашр кардааст. Муаллифи мақола мавзӯи мушкилоти ҳар рӯз афзояндаи нақлиётро мавриди таҳлил қарор дода, навиштааст, ки: «Маблағҳои ба сад ранҷ пайдонамудаи муҳоҷирони кории мо фоидаи истеҳсолкунандагони хориҷӣ аст. Ҳайфи он пулҳое, ки барои харидории мошинҳои гаронбаҳо ба берун мераванд».

«Минбари халқ» –  нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар саҳифаи аввали нашрия шеъри Низом Қосимро бо номи «Эҳдо» нашр кардааст, ки он ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Мақолаи «Андешаи чанд нафар ҳанӯз қатънома нест» дар бобати аз ҷониби Парлумони Аврупо қабул шудани қатънома навишта шуда, муаллифи он чунин изҳор кардааст: «Ҳайати Парлумони Аврупо аз ҳизбҳои мухталифандешаву гуногунсамт, аз қабили насронигаро, чапгаро, сотсиалист, кӯҳнагаро ва ҳатто миллигарову амсоли ин таркиб ёфтааст, ки дар дид ва муҳокимаи ин ё он масъала бисёр маврид бо якдигар дар ихтилоф ҳастанд ва баррасии масоил ин ҷо бисёр вақт тезу тунд ҳам сурат мегирад». Зери ин қатънома аз 700 вакили Парлумони Аврупо ҳамагӣ 35 нафар имзо кардаанд, ки камтар аз 5 фоизро ташкил медиҳад, бинобар ҳамин ҳамчун санади расмӣ талаққӣ додани ин санад аз ҷониби доираҳои манфиатҷӯи ҷангхоҳ аз хирад дур аст, — хулосабарорӣ кардааст муаллифи мақола.

Июнь 16, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд