Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои изҳори тасаллият ба хонаи Қаҳҳор Маҳкамов рафт

Июнь 9, 2016 12:04

Душанбе, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баёни таъзия ба хонаи Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон рафт.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар ҷаласаи навбатии Парлумон иброз дошт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотири хизматҳои Қаҳҳор Маҳкамов ва барои баёни тасаллият имрӯз ба хонаи Қаҳҳор Маҳкамов рафт.

Қаҳҳор Маҳкамов, ходими намоёни давлатӣ нимаи дуюми рӯзи  8-уми июн дар синни 84-солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.  Шоми 8-уми июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як барқияи тасаллият изҳор намуд, ки  Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои  пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Дар ин барқия омадааст: «Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд».

Ҷаласаи навбатии  иҷлосияи  дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июн бо лаҳзаи хомӯшӣ барои поси хотири ходими барҷастаи давлатӣ Қаҳҳор Маҳкамов оғоз ёфт.  Раиси  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров  дар ҷаласа доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои арзандаю содиқонаи  Қаҳҳор Маҳкамов сухан ронд.  Зикр шуд, ки Қаҳҳор Маҳкамов,  арбоби барҷастаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 1932 дар Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Донишкадаи кӯҳии  шаҳри Ленинградро хатм намуда,  ба Тоҷикистон баргашт.  Фаъолияташро аз устои одӣ то роҳбари муассисаи  кони ангишти «Шӯроб» оғоз карда,  дар 29- солагӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд интихоб шуда буд. Дар 31- солагӣ соли 1963 раиси Кумитаи давлатии банақшагирии Ҷумҳурии  Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  таъйин шуда, дар ин вазифа 19 сол кор кардааст. Соли 1982 раиси Совети вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъин шуда,  то соли 1986 дар ин вазифаи муҳими давлатӣ фаъолият дошт. То соли 1991 котиби  якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии  Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ё худ  роҳбари аввали   Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва 30 ноябри ҳамон сол дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Баъди нооромиҳо Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафта,  дигар ба сиёсат барнагашт ва ба нафақа баромад. Дар соли 2000 бо таъсиси Парлумони дупалата дар Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов то дами маргаш узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд. Инчунин ба ҳайси раиси Кумитаи  Шӯрои   Ассамблеяи байнипарлумонии  кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил фаъолият намуда, манфиатҳои  Тоҷикистонро ҳама вақт ҳимоя мекард.

Маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов имрӯз дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, барои ба роҳи охират гусел намудани марҳум ба ҷуз раисони палатаҳои парлумон инчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ба ин ҷо ҳозир шуданд.

Қаҳҳор Маҳкамовро имрӯз, бар асоси васияти худаш, дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супориданд.

 

 

Июнь 9, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!